БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ХУД АЗ ЯГОН ВАҲШОНИЯТ РӮЙ НАМЕГАРДОНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин васила дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯстии халқҳо” суҳбати озоду самимӣ баргузор карда шуд.

Корманди масъули ҳизбӣ дар суханронӣ таъкид доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Маҷлиси Олӣ ин барномаи амал барои пешбурди кору афкори мардуми шарифи Тоҷикистон буда, тамоми бандҳои он бояд мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гиранд.

Инчунин,  дар ин чорабинӣ баён гардид, ки Пешвои миллат дар Паём аз хатарҳои рӯзафзуни терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, қайд карданд, ки: “Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст”.

Ин нигаронии Сарвари давлат ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ҳамагуна чораҳои зарурӣ андешида, баҳри пешгирии ин амали номатлуб дар ҳамбастагӣ мубориза барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg