Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаҳои Бакодара, Кунгара, Зарбуз ва Кулакои Ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар маҷлис масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда даъват карданд.
Инчунин, барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ташвиқ шуда, қайд гардид, ки барномаи пешазинтихоботӣ аз ҳадафҳои асосии Барномаи ҳизбӣ сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Қисмати охири мулоқот бо саволу чавобҳои тарафайн ба анҷом расид.