БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТ АСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи Даштиҷум»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ анҷом доданд.

Муаррифии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ғамхориҳову таваҷҷуҳи беназири Пешвои миллат ва давлату ҳукумати кишвар дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ баҳри солим нигоҳ доштани ҷомеа аз мавзӯъҳое  буданд, ки  дар вохӯрии мазкур мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Инчунин, дар идома намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти  барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва саҳми беандозаи ҳизб дар таҳкими рушди соҳаи тандурустӣ ва хизматрасониҳои тиббиву фармасевтӣ ба аҳолӣ ибрози назар карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg