А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Сохтмончиён» ва «Роҳсоз» оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар рафти суҳбат масъулин аз суханрониҳои Пешвои миллат оид ба дастгирии соҳибкорон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо афзалиятнок имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Ҳамчунин қайд шуд, ки танҳо тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот масъулон таъкид карданд, ки Паём бояд роҳнамои кори ҳар яки мо бошад.