А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мададрасон»-и назди Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вобаста ба Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, доир ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карданд.
Намояндагони ҳизбӣ дар бораи масъалаҳои болозикр фикру андешаҳои хешро баён карда, ҷамъомадагонро ба амалҳои созанда, иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ташвиқ намуданд.