А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён»-и назди шабакаҳои барқии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир шуд.
Зимни андешаронӣ масъулин қайд карданд, ки НБО «Роғун» яке аз дастовардҳои бузургтарини халқи тоҷик дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик бо ба кор даромадани ин ду чархаи агрегати Неругоҳи барқии обии “Роғун” амалӣ гашта истодааст ва ин ҳама бо талошу заҳматҳои мардуми бонангу номуси тоҷик ва Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар охир аз кормандони шабакаҳои барқии ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати самаранок ва сарфакорона истифода бурдани неруи барқ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.