БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯҲОИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА ХУРОСОН БАРГУЗОР ГАРДИД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки  намояндаи КИМ ҲХДТ, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ Муҳаммадовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Раҳмон Саидзода, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28”  Сафарбек Наҷмиддинов ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон,  Конференсияи ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияҳои  Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон  аз рӯи як масъала, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сараввал Муҳаммаддовуд Ҳалимов ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, сипас Бахтиёр Ҳамдамов суханронӣ намуда, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Абдураҳмони Ҷомӣ №28”, Ашӯрзода Гулбаҳор Сангиллоро муаррифӣ намуданд.

Дар охир тибқи рӯзномаи Конференсия, тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии Ашӯрзода Гулбаҳор Сангиллоро ҷонибдорӣ намуда, ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Пас аз қабули қарорҳои дахлдор, ба кори Конференсия бо нигоҳ доштани ваколати вакилон танаффус эълон карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg