ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ” баргузор гардид.
Зимнан дар мулоқот масъулин вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, аз ҷумла маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфассал суханронӣ намуданд.
Дар идома иброз доштанд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем.