ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи табиат” баргузор гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ масъулин оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат муфассал суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ба истифода додани чархаи дуюми НБО «Роғун» натиҷаи файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, тафаккури созанда, ояндабинона ва иродаи қавии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва дар меҳвари ҳадафи сиёсат шукуфоии мамлакат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Масъулин вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ қайд доштанд, ки Барномаи ҲХДТ ин Барномаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.