БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ДУРУСТ АСТ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Идомаи Конференсияи 13-уми ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар маҷлисгоҳи Ҷамоати  шаҳраки  Совети  ноҳия  баргузор гардид. Конференсия таҳти раисии раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид Шералӣ  гузаронида шуд.

Дар кори Конференсия мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар вилояти Хатлон Шаҳбози  Искандар,  муовини раиси ноҳия Талбакзода Рухшона, вакилони Конференсия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ба рӯзномаи кории Конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  ворида шуд. Оид ба ин масъала Раҷабзода Маҳмадсаид дар ҳавзаи интихоботии №56 номзадии раиси  Ҷамоати  деҳоти  Кангурт Зуҳрои Маҳмадсаид ва дар ҳавзаи №57 номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Аминзода Фотеҳи  Файзуллоро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намуд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон ҷонибдорӣ ёфт. Дар 35 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия номзадҳои арзанда пешбарӣ гардиданд, ки аз онҳо 16 нафар ё худ 46 фоизро занон  ташкил медиҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg