БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШБАРӢ ХАТО НАКАРДАЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи  Маркази саломатии ноҳияи Панҷ идомаи Конференсияи 14-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳиявии ҳизб баргузор гардид.

Дар кори Конференсияи мазкур узви КИМ ҲХДТ, раиси ноҳия Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер  ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин иштирок ва суханронӣ намуданд. Иштирокдорон раисони ташкилотҳои ибтидоии корхонаву муассисаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони мардумӣ,  фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  буданд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроия кушода, номзадии вакилон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаҳои “Панҷ-54”,“Панҷ-55” ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо овоздиҳии кушод дастгирӣ гардиданд.

Номзадҳои пешбаригардида зимни суханронӣ иброз доштанд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаву одилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, дар рушду нумӯи ноҳия ва кишвари азизамон саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg