ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии «Шифо» ва «Баҳор»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулон аз бандҳои Паёми навбатӣ ёдовар шуда, аз ҷумла қайд карданд, ки дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ доранд. Соли ҷорӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин шумора 32 муассиса бо 10 ҳазор ҷойи нишаст аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандони саховатпешаи кишвар ба маблағи беш аз 122 миллион сомонӣ бунёд шудааст – изҳор доштанд аъзои гурӯҳ.