
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинони деҳаҳои Нуробод ва Шӯрои Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ доир гардид ва дар он масъалаҳои марбут ба занон ва нақши онҳо дар татбиқи қонунҳои миллӣ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд" аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ гардиданд.
Сипас, моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, тавсеаи сармоягузории дохиливу хориҷӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдили он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт чораҳои муассир меандешад.