БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР КОНФЕРЕНСИЯ ПЕШБАРИИ ВАКИЛОН БАРРАСӢ ШУДАНД

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш идомаи Конференсияи 14-уми ҲХДТ дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Конференсия таҳти раисии Одилҷон Маҳмадов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш гузаронида шуда,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Дилафрӯзи Абдулло, муовини раиси ноҳия Зоҳидзода Фариштамоҳ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,  раиси Комиссияи интихоботии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакилони Конференсия, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ дар он иштирок доштанд.
Кори Конференсия оғоз гардида,  ба рӯзномаи он пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон,
пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш  масъалагузорӣ  шуданд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзнома дар ҳавзаи интихоботии №20 номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қурбоналӣ Қувватович, дар ҳавзаи №19 Тоҷиддинзода Гулизор,  дар ҳавзаи №21 Одилҷон Маҳмадов,  дар ҳавзаи №22  Нуралӣ Ризоевро ба вакилиии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешбарӣ намуданд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилон якдилона ҷонибдорӣ ёфт. Ҳамчунин дар 40 ҳавзаи интихоботӣ  номзадҳои арзанда  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешбарӣ гардиданд, ки аз онҳо 16 нафар ё худ 40 фоизро  занон ташкил медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg