БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ҲАДАФИ АСОСИИ ҲИЗБИЁН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир карданд.  Масъулин оид ба Паёми Пешвои миллат, ки фарогири тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, ибрози назар намуда, зикр карданд, ки соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаи Хумб-Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук -Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд. Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд-Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаи Хумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg