БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФРОНСИ 15-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ БА КОРИ ХУД ИДОМА БАХШИД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бешттари манфиатҳои миллӣ. Конференсияи 15-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баъди танаффус бо иштироки вакилон, ва даъватшудагон-собиқадонрони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ   ва  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба кори худ идома бахшид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳамагонро бо рӯзномаи он, аз ҷумла  пешбарӣ намудани номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар ҳавзаи интихоботии № 61, пешбарӣ намудани нозадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг шинос намуд.  Баъди тасдиқи рӯзномаи кори конференсия вакилон ба баррасии масълаҳо шурӯъ намуданд.

Сипас, тартиби пешбарии номзад ба маҷлиси маҳаллии вакилони халқ вакил аз ташкилоти ибтидоии “ЛКТ” Акбаров Файзулло, ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳияи Ховалинг Акрамзода Парвиз Акрамро пешниҳод гардида,   вакилон номзадии раиси ноҳияро  якдилона дастгирӣ карданд.  

Инчунин, дар идома бо ҷонибдории  33 нафар номзад ба вакилӣ овоз додани вакилон конференсия дар бораи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарор ба тасвиб расонида шуд.

Баъдан намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Наврӯз Ҳусейнзода ва Акрамзода Парвиз Акрам баромад намуда, дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он, вазифаи ҳизбиён ва номзадҳо ба  вакилии маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷиҳати шаффофу демократӣ, озод ва дар доираи қонунҳои ҷорӣ баргузор намудани интихоботҳои дарпешистода, вазифаҳои вакил дар доираи талаботҳои қонун ва Паёми Пешвои миллат ба таври муфассал маълумот пешниҳод карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg