КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Конференсияи т якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид.
Дар кори Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввара, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид, вакилон аз ноҳияи Кӯшониён ва аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони восоитаи ахбори омма иштирок доштанд.
Ба муҳокимаи Конференсия пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Кӯшониён №27» пешниҳод карда шуд.Барои интихоб ва пешбарӣ шудан дар Конференсия номзадии Шодиён Муҳаммад Султонзода ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии «Кӯшониён №27» пешниҳод ва аз ҷониби вакилон якдилона ҷонибдорӣ гардид.