БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ СУДМАНД БУД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Фархор мулоқот бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур оид ба  истифодабарии самараноку устувори захираҳои ҷангал ва шикор, пешбурди хоҷагии ҷангал ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва муайян намудани тартиби амали системаи тухмипарварӣ, таъсис додани Фонди ноҳиявии тухмии растаниҳои ҷангал, махсусан парвариши ниҳолҳои хушсифати писта ва бодом, ки ба шароити минтақа мувофиқанд ва истеҳсолу коркарди тухмии хушсифат суханронӣ намуданд. Инчунин, дар бораи моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ  шуда, ҷамъомадагон дар охир ба суолҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg