
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ баргузор гардид.
Дар кори конференсия узви КИМ ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳанифа Раззоқ, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии “Ҳамадонӣ №35” Орифзода Маҳдӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ғаффорзода Давлатҷон, вакилони Конференсия аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ иштирок доштанд.
Коференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ аз рӯи масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии “Ҳамадонӣ №35” баррасӣ гардида, мутобиқи моддаи 30-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандата пешбарӣ намоянд, иброз дошт зимни суханронӣ Давлатҷон Ғаффорзода. Сипас, Фаттоҳзода Саидмурод Самад номзадии Одинаев Ҳаёт Абдулҳақовичро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат муаррифӣ карда, вакилони Конференсия Сайидамир Вализода, Тағоева Дилшода аз ноҳияи Ҳамадонӣ ва Х. Адолатов аз ноҳияи Восеъ пешбарии номзадии Одинаев Ҳаётро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ҷонибдорӣ намуданд.
Аз рӯи таклифи шахсони баромадкунада муайян гардид, ки номзади пешниҳодшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси арзанда мебошад. Ному насаби номзади пешбаришаванда ба блютени овоздиҳӣ барои овоздиҳии пинҳонӣ ворид шуд. Баъди овоздиҳии пинҳонӣ маълум шуд, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович 98% овозҳоро соҳиб гашта, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии “Ҳамадонӣ №35” гардид.