БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил»-и ноҳияи Фархор мулоқоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ доир гардид.

Дар мулоқот самтҳои Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, ки ба  соҳаи тандурустӣ дахл доштанд, ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар суҳбат қайд намуданд, ки Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи худ ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, иброз доштанд, ки инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем.

Аз ин лиҳоз кормандони соҳаро зарур аст, ки аз пештара дида, ҷиҳати ҳарчи зудтар дарёфт ва зери назорат гифтани ашхоси ба бемории сил гирифторшуда ва таъмини онҳо бо дорувориҳои ройгон, ки аз тарафи давлат пешниҳод мешаванд, мусоидат намоянд, иброз доштанд масъулони чорабинӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg