ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Заринкамар»-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ баргузор гардида, дар он муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар ба самъи иштирокдорон расонида шуд.
Аз гуфтаҳои Раиси муаззами ҳизб ёдовар шуданд, ки давлату ҳукумат то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.
Дар охир роҳбарияти ҳизб зикр намуданд, ки дар роҳи пешрафти Ватани азизамон боз ҳам сарҷамъу муттаҳид бошем, то ин ки мо ҳама якҷо кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем.