БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ХИЗМАТ МЕНАМОЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар   маҷлисгоҳи Маркази саломатии ноҳияи  Панҷ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Сино» оид ба шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯри гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ  масъулини Кумитаи иҷрияи ҲХДТ аз гуфтаҳои роҳбари давлат ёдовар шуданд: “Ҳарчанд, ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад”. Таъкид намуданд, ки кормандони соҳаи тиб сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро хубтар ба роҳ монда, савияи дониши касбии худро бояд баланд созанд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба соли 2020, ки Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ эълон гардидааст,  даъват шуд, ки ҳизбиён зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” бояд содиқона хизмат намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg