БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР БЕҲТАРИН САРВАТ АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”-и шаҳри Норак ҷиҳати шарҳи Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ иброз доштанд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбутаи давлатӣ барои таҳия ва татбиқи ҳадафҳо дар самти ҳунаромӯзии шаҳрвандон дастури махсус доданд, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд.

Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg