БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – ҲИДОЯТИ НЕК БА АҲЛИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мардуми маҳаллаҳои Лоҳутӣ, Ҳисориён, Тамошотеппа ва М. Ҳакимови шаҳри Кӯлоб бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш ҳидоят менамояд.

Аз ин вохӯрӣ сокинон илҳом гирифта, бо азми устувор ва иродаи мустаҳкам баҳри ободии Ватан саҳм гузоштанро пеши худ мақсад гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg