КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар корхонаву муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳр оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ва расонидани ҳадафҳои созандаи ҳизб вохӯрию мулоқотҳо роҳандозӣ карда истодаанд.
Вобаста ба ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии “Бойторӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб аз ҷумла қайд карданд, ки дар Паёми имсолаи худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамаи паҳлуҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар суханронӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ба мақомотҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин самт моро зарур аст, ки ҷиҳати дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат саҳмгузорӣ намоем.