Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

НЕРУИ БАРҚРО ДУРУСТ ВА САМАРАНОК БОЯД ИСТИФОДА БУРД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии  “Касбомӯз”-и шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат изҳор шуд, ки зимни ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳими стратегӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Тавре зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар  солҳои 2013-2019   1,3 баробар (аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт/соат) афзоиш ёфтаст. Инчунин, вобаста ба истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ Роҳбари давлат таъкидҳо низ карданд.

    Дар охир аз иштирокдорон хоҳиш карда шуд, ки дар оқилона ва   сариштакорона истифода бурдани неруи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи хизмати он саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg