БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ ТАРҒИБ МЕШАВАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Масъулони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони маҳаллаҳои Хати роҳ, Меҳробод, Зарринкӯҳ, Истиқлол ва Нурбахш вохӯрӣ баргузор карда,  дар он  Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Аз ҷумла қайд карданд, ки самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш ва расидан ба ҳадафҳои стратегии худ сафарбар менамояд.

Аз ҷониби сокинон дар охир гуфта шуд, ки барои амалишавии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҳизб тамоми неруи худро равона месозанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg