ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Касбомӯз”-и ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилоят “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”, интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалӣ суханронӣ карданд.