БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ИМСОЛА ПАЙКИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИҲОСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ» бо иштироки гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ба сокинон расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи васеи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин зикр намуданд, ки Паёми имсола пайки бунёдкориву созандагӣ буда, аз дастоварду пешрафт ва ояндаи боз ҳам хубтару беҳтар мужда медиҳад.

Ҳамчунин қайд гардид, ки 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Интихобот ин рақобат аст ва мусаллам аст, ки дар пешорӯи ин маъракаи муҳим ҳар як ҳизби сиёсӣ барои ба даст овардани ғолибият барнома ё нақшаеро барои фаъолияти худ пешниҳод мекунад. Дар робита ба ин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия гардидаст.  Барнома самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои солҳои 2020-2025 дар бар гирифта, рисолат ва мазмуну моҳияти он рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg