ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Бадахшон» ва «Найсон»-и ноҳияи Дӯстӣ мулоқот доир гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия аз нуктаҳои Паём ёдовар шуда, афзуданд, ки соли сипаришуда дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт гардид. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ба дарки ҳамагон расонида шуда, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём омада ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварда шуд.