Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

РУШДИ МАҲАЛ ВА ДЕҲОТИ МАМЛАКАТ АЗ САМТҲОИ МЕҲВАРИИ ПАЁМ БУД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар  кӯчаи ба номи Кароматулло Қурбонов, Маҳаллаи №15, кӯчаи Н. Миралӣ, Маҳаллаи №6, кӯчаи Марказӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  ва дигар шахсони давъатӣ иштирок намуда, оид ба бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд. Иброз доштанд, ки Паёми навбатӣ дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб мебошад. Дар ҳамин доира рушди маҳал ва деҳоти кишвар ба хотири дар сатҳи сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун нуктаи меҳварии Паём арзёбӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg