ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мопр-1» ва «Мопр-2»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, оид ба иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ба ташкилотҳои ибтидоӣ вазифаҳои мушаххас ва тавсияҳои судманд дода шуд.