Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳияи Носири Хусрав оид ба фаҳмонидани дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд ва таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини ҳизбӣ дар зимни ибрози андеша қайд карданд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкати сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ дар соҳаи энергетика татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо ду агрегати нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба кор андохта шуд.
Инчунин, дар идома вобаста ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи парлумонии кишвар сухан рафта, таъкид карда шуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти минбаъдаи худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ вусъат бахшида, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ро ҳамчун барномаи амал ба роҳбарӣ гирифтабарои устувории мавқеи ҲХДТ дар интихобот корҳои дастаҷамъонаро ба роҳ монанд.