БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЛОШИ ҲХДТ БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии хоҷагии «Ҷангал» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат  ва Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ баромад намуда, зикр карданд, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими  нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад.

Сипас, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баррасӣ карда шуда, ҳамагон барои  дӯст доштани Ватан, иштирок фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла дар  маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg