Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

СОЛИ 2020 ДАР КИШВАРАМОН БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Омор» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон хониши сиёсӣдоир карда шуд.   

Дар суҳбат масъулин дар бораи  самтҳои муҳими Паёми имсола андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки    соли 2020 дар кишварамон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоии Точикистон барои муайян намудани нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии равандҳои демографӣ равона карда шудааст, ки дар ҷараёни банақшагирӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар ин самт муҳим мебошад.

Дар охир дигар масъалаҳое, ки ба ҷомеаи имрӯза  муҳим мебошанд,мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби  раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ва ҷамъомадагон бароибаргузории вохӯрии судманд изҳори миннатдори баён карда шуда, даъват ба амал оварда шуд, ки мо аъзои ҲХДТ дар таблиғу ташвиқи муҳтавои Паём ва Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ, ки зери шиори  “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолият менамояд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар рӯзи интихобот ба ҲХДТ ва номзадҳои он райъи худро дареғ намедорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg