БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: БАРОИ БЕҲТАР НАМУДАНИ САТҲИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ БА НАФАҚАХӮРОН ЯК СИЛСИЛА КОРҲОИ МУҲИМ БА АНҶОМ РАСОНИДА ШУДАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Таъминоти нафақа» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон маҷлис баргузор гардид.  

Масъулин дар баромади хеш аз  суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёдоварӣ намуда,  қайд карданд, ки бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюбон беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд.Ҳаҷми маблағгузорӣ ба чунин муассисаҳо дар давоми 10 соли охир 3,2 баробар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, танҳо соли 2019 ҳаҷми кумакпулиҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои шаҳрвандони имконияташон маҳдуд беш аз 102 миллион сомониро ташкил намуд.

Инчунин, дар ин росто моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ба дарки ҳамагон расонида шуда, иштирокдорон барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани  Ватани азизамон- Тоҷикистон ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ дар маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ роҳнамоӣ гардиданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg