Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲХДТ ОИЛАРО АСОСИ ҶОМЕА ВА АРЗИШИ ОЛӢ ЭЪТИРОФ МЕНАМОЯД!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “САҲШ” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ  ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни баромади худ роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҳозиринро бо нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат шинос карда, қайд намуд, ки  ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ  ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунад.

Пешвои миллат, бо изҳори қаноатмандӣ дар Паёми навбатиашон қайд карданд, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолит намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Инчунин, дар идома моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ баррасӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҲХДТ барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg