ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020–2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Маркази алоқаи почта» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар хониши сиёсӣ масъулин зикр карданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 мавқеи хос дошта, Роҳбарияти олии ҳизб ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса доранд.
Ёдовар шуданд, ки дар робита ба васоити ахбори омма чунин оварда шудааст: “ВАО яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти он инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гирад.”