БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО АРЗАНДА ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳои автомобилгард” оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ,  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – мулоқот доир намуданд.

Масъулин зимни суханронӣ иброз доштанд, ки имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст, ҳоло бошад таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе-Бохтар, Ҳуҷанд-Исфара, Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин, Шкев-Қалъаихумб, Кӯлоб-Мӯъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.

Ҳамҷунин, дар мулоқот вазифаҳои шаҳрвандон, бахусус, кормандони соҳаи роҳсозӣ дар мавриди ҳиссагузориашон ҷиҳати амалисозии нуктаҳои Паём шарҳ дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg