БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ ПАНҶ ДОИР ГАШТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Фархор Конференсияи якҷояи ҳизбӣ дар ноҳияҳои Фархору Панҷ бо иштироки 187 нафар вакилон ҷиҳати пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Фархор №34” баргузор гардид.

Дар кори Конференсия узви КИМ ҲХДТ Фаттоҳзода Саймурод Самад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримхон иштирок ва баромад намуданд.

Вакилони конференсия якдилона ба ҷонибдории Раҳмонзода Зоир Файзалӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ  дар шаҳри Душанбе ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии “Фархор №34” овоз доданд.

Ҳамин тариқ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ  номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии “Фархор №34” пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg