ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паём бо ташаббуси намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар толори муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо зиёиён, фаъолони ҳизб, омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аҳли ҷомеа, алахусус омӯзгорону волидонро лозим аст, ки барои ташкили шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзанд дар хона ва баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ кор баранд. Ҳамчунин бояд оид ба моҳияти эълон шудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ташвиқ намудани насли чавони ҷомеа ба китобу китобхонӣ самаранок фаъолият намоянд.