ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант идомаи Конференсияи 21-уми ҲХДТ баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Ҳусейнова Сайёра, узви раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳр Давлатзода Зарина, раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Бузмаков Муҳаммадовуд, раисони комиссияҳои ҳавзавии интихоботии №11, оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар қаламрави шаҳри Левакант иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба кори конференсия роҳбарияти Кумитаи иҷроия ҳусни оғоз бахшида, дар бораи пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии №11, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр андешаронӣ намуд. Иштирокдорони Конференсия якдилона номзадии раиси шаҳр Давлатзода Заринаро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи №11 пешбарӣ карданд. Инчунин, дар он номзадии 35 нафар намояндаро аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр пешбарӣ карда шуданд.
Бояд зикр кард, ки аз 35 нафар вакилони пешниҳодгардида 12 нафарашон, ки 40%-ро ташкил медиҳанд, аз ҳисоби занону ҷавондухтарон пешниҳод гардиданд.