БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ТАЪРИХИ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ РАСИДАНИ ТОҶИКИСТОН ВА БА СУЛҲУ ВАҲДАТ ОМАДАНИ МИЛЛАТРО БО ҲАМА БУРДУ БОХТҲОЯШ БИОМӮЗАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанги шаҳр” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот корманди масъули Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, дар баёни андеша масъулин  қайд карданд, ки ҷавонони Тоҷикистон, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан, баъди ҳазорсолаи тарихи пурфоҷеаи миллат, дар қатори мардуми соҳибистиқлоли кишвар, ин табақаи ҷомеа дар шароити сулҳу оромӣ ва рушду нумӯи Тоҷикистон умр ба сар мебаранду дар макотибҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷа таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар мегарданд.

Дар қатори ин суханон таъкид гардид, ки ҷавонони бонангу номус бояд бо дасту дили гарм ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созанд, таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва ба  сулҳу ваҳдат омадани миллатро бо ҳама бурду бохтҳояш, биомӯзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg