БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БАРОИ РАСИДАН БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА ҲАЁТИ ШОИСТА ҲИДОЯТ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ-3” бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  баргузор гардид.

Нахуст, масъулин дар баромади хеш қайд карданд, ки ҳамасола баҳри рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва зиндагии шоистаи мардум Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Зимни Паём Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзу гиромидошт ва ғанӣ гардонидани забони давлатӣ, ҳамзамон омӯхтани забонҳои хориҷӣ тарғиб ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, вобаста ба ин дар назди мақомотҳои марбутаи давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки новобаста ба сину сол на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро мутолеа намоянд.

Ҳамзамон, муовини ректори ДДК оид ба тарбия, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ Назаров Ҳотамшо ба сухан баромада, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамоест, ки мардуми моро ба фатҳи қуллаҳои мурод, расидан ба ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиста ҳидоят мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg