БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДҲО МУАЙЯН ВА БА ВАКИЛӢ ПЕШБАРӢ КАРДА ШУДАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати пешбарии номзадии вакилон ба ҳавзаҳои  интихоботии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Қубодиён Конференсияи 14-уми  иловагӣ баргузор гардид.

Дар кори  Конференсия муовини раиси Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҳизб Дилафрӯзи Абдулло, муовини раиси ноҳия Тоҷинисо, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок доштанд.

Дар Конференсия ба 4 ҳавзаҳои интихоботии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон рақамҳои 37, 38, 39 ва 40, ки ба ҳавзаи интихоботии интихобкунандагони қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дохил мебошанд, мутобиқи моддаи 24, банди 4-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикитсон “Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои вакилони халқ” дар ҳавзаи интихоботии №37 Маҷлиси вакилони халқи вилоят номзадии Абдиева Ойнабод Зоировна муовини раиси Ҷамоати деҳоти Заркамар дар ҳавзаи интихоботии №38 Маҷлиси вакилони халқи вилоят  номзадии Рудобаи Ҳилолӣ   омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, дар ҳавзаи интихоботии №39 Маҷлиси вакилони халқи вилоят номзадии Шарифзода Маҳмадаюб  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  ва дар ҳавзаи интихоботии №40 Маҷлиси вакилони халқи вилоят номзадии Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии  ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд.

Ҳамчунин дар конференсияи мазкур номзадии 40 нафар вакилони Маҷлиси вакилони ноҳия  аз ҳисоби фаъолони ҳизб пешбарӣ карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg