Бохтар. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк”-и шаҳри Бохтар оид ба тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҳизб вохӯрӣ доир шуд.
Дар суҳбат масъулин аз ҷумла қайд намуданд, ки Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоситаи мардум” қабул шудааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати зиндагии арзандаи аҳолӣ, фароҳам овардани имконияти баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон фаъолият менамояд.
Дар идома ҷиҳати иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ ва Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26-уми декабр ироа доштанд, таъкид шуд.