Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ “Сироҷиддин Исоев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулини ҳизбӣ дар бораи моҳияти Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ иброз назар карда, қайд намуданд, ки Паём раҳнамо барои имрӯзу фардои кишвар, пешрафту ободии Ватан мебошад ва моро зарур аст баҳри татбиқи он самарнок аз ҳар фурсати муносиб истифода барем ва дар рушду нумуи мамлакат талош варзем.