Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо аъзои ташкилоти ибтидоии деҳаи «Ҳазрати Эмом» вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар ин вохӯрӣ зимнан раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти ташкилот сухан гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки мо омадагиҳоро ба маъракаи муҳими сиёсии имсола - интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои мақомоти намояндагӣ чиддитар менамоем.
Сипас, масъулини ҳизбӣ вобаста ба саодату хушбахтӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сулҳу ваҳдати саросарӣ ва роҳҳои расидан ба саодати воқеии мардуми кишвар дар партави Паёми имсолаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, сокинонро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ таъкид карданд.