ШАҲРИТУЗ. Дар доираи шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва тарғибу ташвиқи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Кумаки иҷтимоӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок ва суханронӣ карданд.
Масъулин дар суҳбат атрофи моҳияти Паёми навбатӣ иброз доштанд, ки бо мақсади рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон, таъмини устувории низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.
Сипас, моҳияти барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуд ва аз ин мулоқот иштирокдорон ба худ як ҷаҳон таассурот бардоштанд.