БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКОН ҲАМЧУН МИЛЛАТИ СОҲИБМАЪРИФАТУ ТАМАДДУНСОЗ БА ОЛАМИЁН МУАРРИФӢ ГАРДИД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат  дар ташкилоти ибтидоии «Обикиик» бо иштироки кормандони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор карда шуд.  

Дар суханронии хеш масъулин  муҳтавои Паёми навбатиро шарҳу тавзеҳ дода қайд намуд, ки Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем.

Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти завқи наслҳои имрӯза аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад.

Бо пешниҳоди Роҳбари давлат Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул гардид.Ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Яъне, мо бояд фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Сипас, дар ин раванд барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷамъомадагони барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба арзишҳои воло  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg